Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кордзанӣ ҳангоми дафни як сокини ноҳияи Ванҷ


Акс аз бойгонӣ

Як сокини ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон бо гумони “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ”-и чанде аз наздиконаш боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 8-уми феврал гуфтанд, ки ин марди 41-сола ҳангоми дафни бародараш ба тарафи чанде аз пайвандон корд кашидааст.

Ин вазорат аз мард ном набурда гуфтааст, ки ӯ сокини деҳаи Ускероғи ноҳияи Ванҷ аст. “Номбурда ҳангоми маросими дафни бародараш, сокини 63-солаи ноҳияи Ванҷ, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо писарони амакаш, мардони 28 ва 25-сола ва хоҳараш зани 54-сола ҷангу ҷанҷол карда, сипас, бо корд ба бадани онҳо якчанд дафъа задааст”, - навишта шудааст дар иттилоияи ВКД.

Бино ба қавли маъмурони милиса, ин афрод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Видеоҳои охирин

Наздикони Муқаддас :"Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:05 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG