Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков аз истиқрори мушакҳо дар соҳилҳои Балтик ҳимоят кард


Соли 2017, саҳнаи партоби мушаки "Искандар" дар ҷараёни як тамрини низомӣ
Соли 2017, саҳнаи партоби мушаки "Искандар" дар ҷараёни як тамрини низомӣ

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки Русия ҳақ дорад, ки захираҳои низомии худро дар ҳар ҷои қаламрави кишвараш мустақар кунад. Ин изҳорот баъди он садо дод, ки Русия дар ҷазирақаламраваш вилояти Калининград дар соҳилҳои баҳри Балтика мушакҳои “Искандар”-и худро мустақар кард. Изҳороти Песков рӯзи 6 феврал ва як рӯз баъди он садо дод, ки президенти Литва Далиа Грибаускайте хабар дод, ки “дар Калининград системаи мушакии “Искандар” мустақар шуд”.

Баъди мулоқот бо нирӯҳои НАТО дар шаҳри марказии Руклаи Литва президенти ин кишвар гуфт, ки “истиқрори мушакҳо на танҳо барои Литва, балки барои нисфи кишварҳои аврупоӣ хатар эҷод мекунад”. Владимир Шаманов, раиси Кумитаи дифои Думаи давлатӣ рӯзи 5 феврал ба хабаргузориҳо истиқрори системаи мушакиро дар Калининград тасдиқ кард.

Дар гузашта Пентагон мухолифи истиқрори мушакҳои миёнапарвози Русия дар хоки ин кишвар баромад карда онро хилофи Созиши марбут ба нирӯҳои миёнапарвози ҳастаӣ аз соли 1987 номида буд. Ин созишнома мушакҳоеро дар назар мегирад, ки тавони расидан ба ҳадаф дар фосилаи 500 то 1000 км ва мушакҳои миёнапарвоз бо қудрати расидан ба ҳадафи 1000 то 5500 км масофаро доранд. Мақомоти низомии амрикоӣ мегӯянд, ки Русия махсус ин корро мекунад, то ки ба кишварҳои узви НАТО ва ҳамкоронаш хатар эҷод кунад.

XS
SM
MD
LG