Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як идда афсарҳо барои хунукназарӣ дар ҳамлаи Кобул барканор шуданд


Ашраф Ғанӣ дар паради ҳарбии артиши Афғонистон
Ашраф Ғанӣ дар паради ҳарбии артиши Афғонистон

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳафт афсари нерӯҳои Афғонистон, бо шумули ду генралро барои "хунукназарии касбӣ" дар ҷараёни ҳамлаи ахир ба пойгоҳи низомии Кобул, аз мақомҳояшон барканор кард.

Ғанӣ рӯзи 6 феврал дар Твиттер навишт, ки ин ҳафт нафар таҳти бозҷӯӣ қарор мегиранд.

Дастикам панҷ ҳамлагар, бо шумули ҷангиёни мусаллаҳ ва интиҳорӣ, рӯзи 29 январ ба пойгоҳи низомӣ ҳамла бурда, 11 нафарро куштанд ва 16 сарбози дигарро захмӣ карданд.

Масъулияти ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои Афғонистонро гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки ИМА аз он пуштибонӣ мекунад, дар заминаи талабҳои беҳтар кардани вазъи амниятӣ, таҳти фишори ҷомеа қарор дорад. Якчанд ҳодисаи ахир тавони Толибон ва ҷангиёни ДИИШ барои ҳамла ба пойтахти Афғонистонро ба намоиш гузошт.

Сар аз 20 январ ҷангиён ба меҳмонхонаи боҳашамати Кобул ҳамла карданд, дар кӯчаи серодам бомба гузоштанд ва ба пойгоҳи низомии сарбозони неруӯҳои Афғонистон зарба заданд. Дар ин ҳодиса беш аз 130 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG