Пайвандҳои дастрасӣ

Украина ба Михаил Саакашвилӣ паногоҳ надод


Михаил Саакашвили алайҳи президент Порошенко - эътирозҳо дар Киев

Додгоҳи шаҳри Киев шикояти президенти пешини Гурҷистон ва раҳбари "Ҳаракати нирӯҳои нав"- Украина Михаил Саакашвилиро аз болои радди дархости паноҳандагӣ дар Украина напазируфт.

Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ба раҳбари пешини вилояти Одессаи Украина Михаил Саакашвилӣ акнун истирдод ба ватан - Гурҷистон таҳдид мекунад. Онҳо тасмим доранд аз болои ҳукми ахир ба додгоҳи конститутсионии Украина шикоят баранд.

Президенти Украина Петр Порошенко моҳи июли соли 2017 шаҳрвандии Саакашвилиро бекор кард. Мақомоти украин гуфтанд, шаҳрвандии Саакашвилӣ барои он бекор шуд, ки ӯ гӯиё шаҳрвандиро бо пешниҳоди иттилои дурӯғ дарёфт кард ва нагуфт, ки дар Гурҷистон парвандаи ҷиноӣ дорад.

Сиёсатмадор моҳи сентябри соли 2017 аз Хадамоти муҳоҷирати Украина ҳаққи паноҳандагӣ дархост кард. Додгоҳи Киев 3 январи соли равон ӯро ҳамчун паноҳанда ё шахсе эътироф накард, ки баъди маҳрум шудан аз шаҳрвандии Украина ба ҳимояти иловагӣ ниёз дорад.

Додгоҳи шаҳрии Тифлис рӯзи 5 январ Саакашвилиро айбдор кард, ки ҳангоми президенти Гурҷистон будан аз мақоми худ сӯистифода кардааст ва дар ғайбаш ӯро ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ба гуфтаи Саакашвилӣ, мақомоти Украина қасдан суръати баррасии парвандаи ӯро афзоиш додаанд, то барои ихроҷаш аз кишвар заминаи қонунӣ пайдо кунанд.

Видеоҳои охирин

Маросими имзои созишномаҳои Тоҷикистону Узбекистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:09:04 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG