Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи марди афғон барои куштори зани масеҳишуда дар Олмон


Полиси Олмон ҳангоми интиқоли гумонбар ба додгоҳ.
Полиси Олмон ҳангоми интиқоли гумонбар ба додгоҳ.

Додситонҳои Олмон барои як марди паноҳҷӯи афғон, ки ба куштори зани масеҳишуда гумонбар мешавад, ҳабси якумрӣ талаб доранд.

Ин мард моҳи апрели соли 2017 ба тани зани 38-солаи афғон дар ҳузури ду кӯдакаш - яке 5-сола ва дигаре 11- сола- бамартиб корд зад,- гуфт додситон Оливер Мосснер рӯзи 5 феврал ба додгоҳе дар шаҳри Траунштайни Олмон.

Мосснер марги ин занро ба куштор дар мазҳари ом баробар кард ва гуфт, ҳамла ба зан дар беруни фурӯшгоҳи воқеъ дар шаҳри Прин-ам-Кимзее сурат гирифт.

Бар пояи қонунҳои Олмон ҷазои куштор ҳабси якумрӣ аст, ҳарчанд маҳкумшудаҳо маъмулан бо гузашти 15 сол озод мешаванд.

Ин марди афғон, ки куштори занро борҳо эътироф карда буд, қабл аз оғози мурофиа иддао, ки чизеро дар хотир надорад.

XS
SM
MD
LG