Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи Олимпӣ русҳои "сафедшуда"-ро ба Пхёнчхан даъват накард


Экипажи Александр Касянов
Экипажи Александр Касянов

Кумитаи байналмилалии Олимпӣ 15 варзишгари Русия аз гурӯҳи 28 нафариро, ки ахиран дар додгоҳи ҳакамии варзишӣ "сафед" шуданд, ба бозиҳои Пхёчхани Кореяи Ҷанубӣ даъват накард. Дар саҳифаи Кумитаи Олимпӣ рӯзи душанбе гуфта шуд, ки инҳо 13 варзишгар ва ду мураббӣ - Алберт Демченко ва Сергей Чудинов ҳастанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар вақти санҷиш шубҳае пайдо шуд, ки ин варзишгарон аз дорӯҳои мамнуъшуда истифода кардаанд. Комиссиия Дмитрий Освалд, ки дар бозиҳои Олимпии Сочӣ санҷиш мегузаронд, ҷурми варзишгаронро пайдо накард, зеро барои хулосабарорӣ маводи зарурӣ надошт.

Рӯзи гузашта Раҳбари Кумитаи байналмилалии Олимпӣ Томас Бах аз қарори додгоҳи ҳакамии варзишӣ, ки даъвои 28 варзишгари Русияро қонеъ кард ва ба иштирики онҳо дар бозиҳо иҷозат дод, изҳори таассуф кард. Ӯ ҳамунин гуфт, набуди муҷозот ба маъное нест, ки ин ё он варзишгар аз ҳақи даъват ба бозиҳо бархурдор шудааст.

XS
SM
MD
LG