Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп мегӯяд, бегуноҳиаш собит шуд


Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар ҳузури вакилони Конгресс дар рӯзи 30-уми январи соли 2018
Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар ҳузури вакилони Конгресс дар рӯзи 30-уми январи соли 2018

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ёддоште, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар бораи FBI ва ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико нашр кард, нишон медиҳад, ки ӯ “бегуноҳ” аст.

Дар ин ёддошт, ҷумҳурихоҳон FBI-ро ба он муттаҳам мекунанд, ки ҳангоми таҳқиқи парвандаи иртиботи эҳтимолии ситоди интихоботии Доналд Трамп бо Русия, аз салоҳиятҳояш сӯистифода кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 3-уми феврал дар Твиттер навишт, ки “Ин ёддошт, бегуноҳии Трамп дар таҳқиқотро собит мекунад.” Доналд Трамп, ҳамчунин навишт, ки ҳукумати ӯ ҳеҷ гоҳ монеи таҳқиқоти парвандаи Русия аз тарафи FBI нашудааст.

Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико рӯзи 31-уми январ гуфт, ки мухолифи нашри ин ёддошт аст, зеро онро ба тавре таҳрир кардаанд, ки дурустиашро зери суол мебарад. Айни замон як комиссияе ба раҳбарии Роберт Мюллер, таҳқиқ мекунад, ки то куҷо Русия дар интихоботи соли 2016 дар Амрико дахолат кардааст.

XS
SM
MD
LG