Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадид дар Тоҷикистон


Нимрӯзи 31-уми январ заминларзае минтақаҳои Тоҷикистонро такон дод.

Сокинон гуфтанд, ки заминларза хеле шадид буд ва тақрибан як дақиқа идома кард. Дар ин муддат баъзе аз мардум аз биноҳои баландошёна берун баромаданд.

Дар Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маркази заминларза дар 280-километрии шарқи ҷануби Душанбе, дар қаламрави Афғонистон, буд. Ба қавли онҳо, шиддати заминларза дар маркази он ба тақрибан шаш дараҷа ва дар Душанбе ба 3-4 дараҷаи Рихтер баробар будааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.

XS
SM
MD
LG