Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс барои парвариши беҳтарин навъи гов $40 млн тахсис дод


Билл Гейтс
Билл Гейтс

Соҳибкори амрикоӣ Билл Гейтс 40 миллион долларро ба парвариши говҳои хубу сермаҳсул сарф кардааст. Ба иттилои нашрияи Business Insider, соҳибкор ин пулҳоро ба оҷонсии GALVmed додааст, ки бо пажӯҳишҳои генетикӣ машғул аст.

Ба гуфтаи Гейтс, ин намуди говҳо ба монанди говҳои муқаррарӣ шир медиҳанд, вале онҳо ба ҳавои гарм тобовартаранд ва сатҳи зиндагиро дар фақиртарин гӯшаву канори олам беҳтар хоҳанд кард. Соҳибкор мегӯяд, тағйири генетикӣ говҳоро сермаҳсултар хоҳад кард.

Билл Гейтс бунёдгузори бузургтарин созмони хайриявии дунё - Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс аст. Вай борҳо пулҳои худро ба мубориза бо бемориҳо, коркарди ваксинаҳо ва беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ дар фақиртарин нуқоти олам сарф кардааст.

XS
SM
MD
LG