Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Русия аз ҳалокати 4 тоҷик дар сӯхтори Красногорск хабар дод


Расонаҳои Русия аз ҳалокати чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯхтори манзиле дар шаҳри Красногорск хабар доданд. Хабаргузории РИА Новости навишт, сӯхтор рӯзи 28-уми январ дар хонаи иҷораи муҳоҷирони тоҷик рух дод.

Дар намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ҳувияти ҳалокшудаҳо мушаххас нашудааст.

“Кормандони мо ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва дар сурати дақиқ шудани маълумот ба Шумо хоҳем гуфт”, - гуфтанд дар намояндагӣ.

Мақомоти Русия гуфтанд, дар робита ба сӯхтор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Тафтишоти аввалия маълум кардааст, ки дар сӯхтор як зану марди 48-сола бо ду кӯдак ҳалок шудаанд.

Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин хона нуҳ шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, ки се нафари онҳо кӯдак буданд.

XS
SM
MD
LG