Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дождь": Никоҳи ду мард дар Русия бори аввал эътироф шуд


Русия. Ҷуфти ҳамҷинсгаро дар маросими никоҳ
Русия. Ҷуфти ҳамҷинсгаро дар маросими никоҳ

Дар Русия бори аввал никоҳи ду мардро, ки дар кишвари дигар сабт шуда буд, эътироф карданд. Тавре шабакаи телевизионии "Дожд" хабар медиҳад, ин ҳолат бори аввал сурат мегирад.

Евгений Войтсеховский ва Павел Стотско никоҳашонро рӯзи 4-уми январ дар Копенҳаген сабт карданд. Баъдан онҳо ҳуҷҷаташонро ба маркази хидматрасониҳои Москва пешниҳод намуданд. Дар марказ бидуни "пурсуҷӯ" ба ҳуҷҷати ақди никоҳи онҳо муҳр гузошта шуд.

"Дожд" мегӯяд, Русия никоҳҳоеро, ки дар хориҷ баста шудаанд, ба эътибор мегирад.

Аммо сабти никоҳҳои мард бо мард ва зан бо зан дар Русия манъ аст. Моҳи декабри соли 2017 калисои православии Русия никоҳи ҳамҷинсгароҳоро расман мамнӯъ кард.

XS
SM
MD
LG