Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

41 нафар дар сӯхтори як бемористони Кореяи Ҷанубӣ ҷон бохтанд


Бар асари сӯхтори субҳи 26-уми январ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Мирянг воқеъ дар 270 километрии ҷануби Кореяи ҷанубӣ, 41 нафар ҷон бохта ва ҳудуди 70 тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи хабаргузории расмии Кореяи ҷанубӣ, маризони наҷотёфта ба бемористонҳои дигар интиқол дода шуданд. Дар ин бемористон ҳудуди 200 нафар ҳузур доштаанд. Гуфта мешавад, ки шумораи қурбониёни ин ҳодиса дар ҳоли афзоиш аст.

XS
SM
MD
LG