Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп омодааст, ба пурсишҳои Мюллер посух диҳад


Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми январ гуфт, омодааст, бо додситони махсус Роберт Мюллер, ки дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА-ро таҳқиқ дорад, мулоқот кунад ва ба суолҳои ӯ роҷеъ ба робитаҳои эҳтимолии ситоди интихоботияш бо Кремл посух диҳад.

Трамп пеш аз сафар ба Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Швейтсария ба рӯзноманигорон гуфт, ҳатто омодааст, зери савганд баёнот диҳад. Ҳамзамон ӯ бори дигар таъкид намуд, ки бо ҳеч ҷониб созише надошт ва ба раванди тафтишот ҳам монеа эҷод накардааст.

Ба гуфтаи атрофиёни Мюллер, додситон мехоҳад, бо Трамп роҷеъ ба барканории раҳбари Бюрои федеролии тафтишот Ҷеймс Комӣ ва мушовири амнияти миллӣ Майкл Флинн суҳбат кунад.

Мюллер вазифадор аст, муайян кунанд, ки оё Трамп аз Комӣ масдуд шудани санҷиши робитаи Флиннро бо сафири Русияро талаб кардааст ё не. Комӣ қаблан гуфта буд, ки дар мулоқоти ахир Трамп аз ӯ хост, ки парвандаи Флинн баста шавад. Трамп баъдан Комиро аз мақомаш барканор кард.

Трамп қаблан гуфта буд, ки ба делели набудани ҳеч созише бо Русия, мулоқот бо Мюллерро зарур намешуморад.

Дар доираи санҷиши парвандаи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии Амрико намояндагони баландпояи мақомоти махсуси ИМА, аз ҷумла раҳбари Идораи марказии иктишофӣ Майк Помпео ва додситони кул Ҷефф Сешнс бозпурсӣ шудаанд. Ба иттиоли расонаҳо, Мюллер тасмим дорад, то охири январ бо мушовири пешини Трамп - Стив Бэннон ҳам суҳбат кунад.

Видеоҳои охирин

Роналдо Модрич ва ё Салоҳ?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:18 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG