Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як масъули корхонаи ҳасиби Кӯлоб барои марги Умаралӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, ки дар робита ба заҳролудшавии нуҳ узви ду хонавода дар Кӯлобу Восеъ ва фавти Умаралӣ Давлатови сесола муҳандиси корхонаи ҳасиби “Орзу 2004” Табаралӣ Шарифов боздошт шудааст. Тафтиши аввалия собит кардааст, ки ин афрод дар пайи истеъмоли ҳасиби дорои маводи заҳролудкунанда ба ҳалокат расидаанд.

Як оила дар шаҳри Кӯлоб заҳролуд шуд ва дигаре дар ноҳияи Восеъ.

Ҳодисаи заҳролудшавии нуҳ узви ду хонавода дар минтақаи Кӯлоб 15-уми декабри соли гузашта ба вуқуъ пайваст. Ҳамаи ин афрод дар бемористон бистарӣ шуда, аммо як кӯдаки сесолаи хонаводаи Давлатовҳо дар роҳ ба сӯи шифохона ҷон дод.

Хушвахт Машрабзода, додситони минтақаи Кӯлоб, рӯзи 23-юми январ гуфт, нисбат ба корхонаи “Орзу 2004” бо иттиҳоми “истеҳсоли маводе, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест” ва “аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудан” павандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Машрабзода дар идома гуфт, ташхис муайян кард, ки дар таркиби ҳасиб моддаҳои кимиёвии заҳролудкунанда вуҷуд дошт.

“Ҳоло то поёни таҳқиқи парванда вақт ҳаст ва шояд дар ин байн боз масъалаҳои дигар пайдо шавад. Як оила дар шаҳри Кӯлоб заҳролуд шуд ва дигаре дар ноҳияи Восеъ. Ба сабаби онки ҳам прокуратураи Восеъ ва ҳам прокуратураи шаҳри Кӯлоб парванда боз карда буд, мо ду парвандаро як намудем ва тафтишот ҷараён дорад”, - гуфт Хушвахт Машрабзода.

Дар сурати исбот шудани гуноҳ ба Табаралӣ Шарифов, муҳандиси корхонаи ҳасиби “Орзу 2004” аз се то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Додситонии шаҳри Кӯлоб дар пайи як тафтиш кори корхонаи ҳасиби “Орзу 2004”-ро мутаваққиф кардааст ва феълан дар корхона бастааст. Масъулони корхонаи ҳасиби “Орзу 2004” рӯзи 23-юми январ дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кори онҳо хуб буд, вале нахостанд дар мавриди ду ҳодисаи моҳи декабр тафсилот бидиҳанд.

Бемористони марказии шаҳри Кӯлоб
Бемористони марказии шаҳри Кӯлоб

Қазияи заҳролудшавӣ дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик аз ворид шудани маҳсулоти ғизоии пастсифат аз хориҷи кишвар ҳам изҳори нигаронӣ мекунанд. Моҳи декабри соли гузашта президент Эмомалӣ Раҳмон мақомотро барои роҳ додани гӯшти мурғи пастсифат аз хориҷа сарзаниш кард. Дар пайи интиқоди раиси ҷумҳур се мақоми баландпоя – раиси идораи “Тоҷикстандарт”, муовини вазири тандурустӣ оид ба беҳдошт ва раёсати бойтории Вазорати кишоварзӣ аз мақомҳои худ сабукдӯш шуданд.

XS
SM
MD
LG