Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ба корхонаи саҳҳомӣ табдил додани "Тоҷиксуғурта"


Аловуддин Cатторӣ, раиси "Тоҷиксуғурта" рӯзи 23-юми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар охири соли гузашта ба ҳукумат пешниҳод карданд, ки шакли ин ниҳод аз корхонаи воҳиди давлатӣ ба ширкати саҳҳомӣ табдил дода шавад. Зеро ба гуфтаи вай, дар ин сурат "Тоҷиксуғурта" дар бозори суғуртаи Тоҷикистон бештар рақобатпазир хоҳад шуд. Як сабаби дигари ба шакли саҳҳомӣ табдил додани "Тоҷиксуғурта" ҷилавгирӣ аз ихтисори кормандон ва муфлис шудани ин корхонаи давлатӣ гуфт. Вай ҳамчунин иддаои мақомоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бораи зараровар будани фаъолияти Тоҷикксуғуртаро бепоя хонд ва гуфт, ки танҳо соли гузашта ин корхона ба давлати Тоҷикистон беш аз 2 миллион сомонӣ фоида овардааст.

XS
SM
MD
LG