Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши худкушӣ? Полисе дар Исфара бо ҷароҳати тир ба бемористон интиқол ёфт


Дар вилояти Суғд табибон талош доранд ҷони як ходими полисро, ки аз сараш захм бардоштааст, наҷот диҳанд. Ҷароҳати бардоштаи ӯ аз тири туфанг будааст ва фарзияи аввалияи расмӣ ин аст, ки ин ходими полис талоши худкушӣ карда, ба сари худ тир холӣ кардааст. Вале манобеъи наздик ба таҳқиқи ҳодиса мегӯянд, мақомот эҳтимоли фарзияи тир холӣ кардани каси дигар ба ин ходими пулисро низ баррасӣ доранд. Таҳқиқи ҳодисаи мазкур ҷараён дорад.

Ходими полисро рӯзи 20 январ ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо захми тир дар ноҳияи сар бистарӣ карданд. Манобеи наздик ба таҳқиқи ин ҳодиса аз ӯ “Саъдӣ” ном бурданд ва гуфтанд, ки ин ходими пулис 30 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор мебошад. Ӯ соли гузаштаи 2017 баъд аз хатми академияи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ба кор сар кардааст.

Ҳабибиддин Муҳаммадов, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Исфара рӯзи 22 январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби 21 ба 22 январ табибон сари ин корманди пулисро ҷарроҳӣ карданд ва ӯ зери нафаси сунъӣ дар шуъбаи эҳё таҳти назорати табибон қарор дорад.

“Ӯро ҳамроҳи табибони мағз ва аъсоби маркази вилояти Суғд ҷарроҳӣ намудем. Тир ба сараш задааст,” – гуфт Муҳаммадов.

Дар ШВКД-и Исфара-1 ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як ваколатдори фаврии бахши кофтукови ҷиноии ин ниҳод рӯзи шанбеи 20 январ “дар утоқи кории худ ба сараш аз туфангча тир хӯрдааст.” Вале дар посух ба ин савол, ки оё ӯ худ ба пешониаш тир зада ва ё каси дигар ба ӯ тир холӣ кардааст, худдорӣ варзиданд. То соати нашри ин хабар мақомот сабаби худдории худ аз шарҳи ин қазияро низ ошкор накардаанд.

Дар додситонии шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муфаттиши ин ниҳод низ ба таҳқиқи ҳодиса низ машғул аст. Вале дар посух ба ин савол, ки оё дар бораи ин ҳодиса парвандаро мутобиқи чӣ банди Кодекси ҷиноӣ боз кардаанд, хомӯшӣ варзиданд.

Манобеи пулиси Исфара мегӯянд, як гурӯҳи корӣ ин ҳодисаро таҳқиқ дорад. То ҳоли ҳозир сабаби захми вахим бардоштани ин корманди пулис эълон нашудааст.

Дар гузаштаи начандон дур чандин кормандони полис дар Исфараву Конибодом ва Хуҷанд ҳадафи тири афроди мансуб ба гурӯҳҳои терристӣ қарор гирифта ва аз худро мунфаҷир кардани афроди дастгиршуда ё таҳти таъқиб сабт шудааст. Вале дар он маворид мақомот дар пайи рухдод оҷилан хабар медоданд ва гумонбарон ба содири ҷиноят ва фарзияҳои содири онро баён мекарданд. Ҳоло бори аввал як афсари полис ба таври асроромезе аз тири туфанг, он ҳам дар утоқи кории худ захми мудҳиш бардоштааст ва мақомот ҳозир нестанд ҳатто фарзияҳои мавриди таҳқиқи худро баён кунанд. Ҳоло саволи аслӣ ҳамон аст, ки оё ин афсари ҷавони полис қасд ба ҷони худ карда ё касе ӯро тир задааст.

XS
SM
MD
LG