Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев: Айби мост, ки халқ дар кишвари бегона ҷои кор меҷӯяд


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон

Шавкат Мирзиёев ҳалокати 52 шаҳрванди Узбакистонро дар роҳ ба сӯи Русия баёнгари камбуди ҷойи кор дар кишвараш донист. Раиси ҷумҳури Узбакистон рӯзи 19-уми январ гуфт, “гуноҳи мост, ки мардум дар хориҷа ҷойи кор мекобанд, то оилаҳои худро бихӯронанд”.

Мо дар назди халқ хеле қарздорем. Ба сабаби инки шароит фароҳам наовардем, мардум маҷбур ҳастанд, барои кор ба кишварҳои дигар бираванд

Рӯзи 18-уми январ як мусофирбари ҳомили муҳоҷирони узбакистонӣ дар роҳ ба Русия, дар ҳудуди Қазоқистон, оташ гирифт ва ба марги 52 нафари онҳо сабаб шуд. Дар ин ҳодиса панҷ нафар ҷон ба саломат бурданд, ки ду нафарашон аз Узбакистон ва боқимонда аз Қазоқистонанд.

Эътирофи бекорӣ дар Узбакистон

Шавкат Мирзиёев рӯзи 19-уми январ дар ҷараёни сафараш ба вилояти Сурхондарё ба наздикони ин афрод изҳори таслият гуфт ва ҳамзамон таъкид кард, ки фоҷиа камбуди ҷойи кор дар ин кишварро бармало намуд. “Ин фоҷиа баёнгари бисёр чиз аст. Аз ҷумла, дар мавриди инки мо дар назди халқ хеле қарздорем. Ба сабаби инки шароит фароҳам наовардем, мардум маҷбур ҳастанд, барои кор ба кишварҳои дигар бираванд... Бачаҳои хеле ҷавон, муъмину мусулмон ва ҳама фарзандони Узбакистон мурданд”, - афзуд ӯ.

Ҳамаи 52 шаҳрванди ҳалокшудаи Узбакистон дар сӯхтори мусофирбаре дар Қазоқистон мард ва асосан зодагони вилояти Намангон ҳастанд. Аз ҳама бузурги онҳо 41 сол ва хурдтаринашон 19 сол дошт. Масъулони Вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфтанд, ки ҷасади ин афрод ба Тошканд бурда шудааст.

Гулгузории муҳоҷирон

Рӯзи 20-уми январ чанде аз муҳоҷирони узбак ва шаҳрвандони кишварҳои дигар дар Русия ба хотири қурбониёни ин ҳодиса дар назди сафорати Узбакистон гул гузоштанд.

Усмонхон Баротов, раҳбари иттиҳодияи “Ҳамватанон” дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, “шаҳрвандони мо дар сардӣ истоданд. Онҳо рӯзи 20-уми январро рӯзи мотам эълон карданд. Аммо ба наздашон на сафир ва на кормандони дигари сафорат набаромаданд. Гузашта аз ин, парчами кишвар поин оварда нашуда буд. Маълум мешавад, ки ҳаёти 52 шаҳрванди кишвар барои сафир ҳеч арзише надорад? Агар ин тур аст, шарм бар сафир бод.”

Дар ҳамин ҳол, наздикони афроди ҳалокшуда мегӯянд, онҳо ба нияти кор ба Русия мерафтанд. Сокини вилояти Намангон Улуғбек Дадобоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар фоҷиаи Қазоқистон ду ҳамдарсашро аз даст дод.

"Хостанд, ки пулро сарфа кунанд"

Ӯ гуфт, “Қаҳрамон Ҳотамов ва Зоҳидҷон Имомалиев дар Самара кор мекарданд ва моҳи декабр ба Узбакистон омада буданд, то соли нави 2018-ро ҳамроҳи хонавода таҷлил кунанд. Як рӯз пеш аз сафар ба Самара дар чойхона дидем. Ҳардуяшон сефарзандӣ доранд. Онҳо, ки дар Русия кори сохтмон мекарданд, ҳар як тин барояшон арзиш дошт. Мегуфтанд, ки билети автобус дар муқоиса ба билети ҳавопаймо чаҳор баробар арзон аст. Барои ҳамин, ният карданд, ки бо автобус бираванд, то каме маблағ сарфа шавад.”

Дар ин ҳодиса панҷ нафар ҷон ба саломат бурданд
Дар ин ҳодиса панҷ нафар ҷон ба саломат бурданд

Ба Русия солона то ду миллион сокини Узбакистон барои кору зиндагӣ мераванд. Бекорӣ ва камбуди даромад дар ватан онҳоро водор мекунад, кт дар шаҳру манотиқи мухталифи Русия дар бахши сохтмон, тиҷорат ва хадамоти дигар фаъолият намоянд.

Онҳое, ки имкони молии беҳтар доранд, аз роҳҳои ҳавоӣ ва онҳое, ки имконияти маҳдуд доранд, тавассути қатори роҳи оҳан ё автобус ба Русия рафта меоянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG