Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев изҳори тасаллият кард


Президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо марги 52 шаҳрванди Узбекистон дар сӯхтори автобусе дар қаламрави Қазоқистон ба президент Шавкат Мирзиёев изҳори тасаллият кард. Дар барқияи президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки хабари сӯхтор дар автобусро, ки субҳи 18 январ дар қаламрави вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рух дод, бо андӯҳи амиқ қабул кардааст. “Тасаллияти мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро ба наздикони қурбониҳо расонед”, гуфта мешавад дар матни барқия. Президент Раҳмон ба осебдидагони ин фоҷеа барқарории солим таманно кардааст.

21 маи соли 2017, Риёз
21 маи соли 2017, Риёз

Соати 10:30-и субҳи панҷшанбе дар як қитъаи шоҳроҳи вилояти Оқтеппа, ки Қазоқистонро бо Русия мепайвандад, сӯхтори автобус рух дод. Дар дохили ин мусофирбар дар ин лаҳзаҳо 55 мусофир ва ду ронанда қарор доштанд ва аксари мусофирон шаҳрвандони Узбекистон мебошанд. Дар ин фоҷеа танҳо панҷ нафар – ду шаҳрванди Узбекистон ва се шаҳрванди Қазоқистон ҷон ба саломат бурданд. Санҷиши ин ҳодиса шурӯъ шудааст. Ҳукумати Узбекистон ҳам аз ҷониби худ комиссиюни вижае таъсис додааст, ки бо таҳқиқи ҳодиса машғул мешавад.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони Узбекистон савори автобус мехостанд тавассути қаламрави Қазоқистон савори автобус ба Русия барои кор бираванд. Соле ҳудудан 2 миллион шаҳрванди Узбекистон дар Русия дунболи кор мегардад.

Видеоҳои охирин

Дар Хуҷанд як маркази амрикоӣ боз карданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:08 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG