Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши сӯхтор дар мусофирбари Қазоқистон оғоз шуд


Садамаи мусофирбар дар Қазоқистон
Садамаи мусофирбар дар Қазоқистон

Қазоқистон ва Узбакистон ба тафтиши сӯхтори мусофирбари масири Қазоқистон - Русия оғоз карданд, ки рӯзи 18-уми январ беш аз 50 нафарро қурбон кард. Қариб ҳамаи кушташудаҳо шаҳрвандони Узбакистон буданд.

Ҳайати Узбакистон бо раҳбарии вазири ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар Рустам Ҷӯраев шоми панҷшанбе вориди Оқтеппаи Қазоқистон шуд ва намояндагони ду кишвар ба бозҷӯии ҳодиса шурӯъ карданд.

Узбакистон рӯйхати пешакии беш аз 50 шаҳрвандашро, ки рӯзи 18-уми январ дар пайи сӯхтори мусофирбар дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҷон бохтанд, нашр кард.

Рӯйхат дар вебсайти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон нашр ва дар он ному насаби 31 қурбонӣ оварда шудааст. Бештари онҳо сокинони вилояти Намангон буданд. Теъдоди умумии ҳалокшудаҳо 52 нафар аст. 5 тани дигар, бо шумули ронанда, наҷот ёфтанд.

Мақомоти Оқтеппа рӯзи 19-уми январ хабар доданд, ки ҷасади ҳалокшудаҳо ба ин шаҳр интиқол ёфт ва ташхис ҳанӯз идома дорад. Табибон мегӯянд, шиносоии шахсияти қурбониён ба далели сӯхтани ҷасадҳо мушкил аст.

XS
SM
MD
LG