Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири 37-солаи Зеландияи Нав ҳомила аст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нахуствазири Зеландияи Нав эътироф кард, ки мунтазири таваллуди фарзанд аст.

Ҷасинда Ардерни 37-сола рӯзи 19-уми январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Окланд гуфт, ин фарзанди нахустини ӯ мебошад ва омодааст, ки худро ҳам ба ҳайси як зани коргару фаъол ва ҳам модар ба намоиш гузорад. Падари фарзанди ояндаи нахуствазир дӯстписараш Кралк Гейфорд аст, ки ситораи телевизиони Зеландияи Нав мебошад.

Ардерн гуфт, "нахустин зане нестам, ки ҳам кор мекунаму ҳам соҳиби фарзанд мешавам. Ман дар бораи ҳама паёмадҳо андеша мекунад, вале то ман занони зиёде буданд, ки аз иҷрои ин кор ба хубӣ баромадаанд. Ман ин занҳоро эҳтиром мекунам. Интизороти хеле хубе дорам. Бовар дорам, ки метавонем аз ӯҳдаи ин кор бароем ва Зеландияи нав ҳам ба мо имкон медиҳад, ки ин кӯдакро хуб ба воя расонем."

Ҷасинда Ардерн гуфт, баъд аз таваллуди фарзанд аз рӯи қонун шаш ҳафта дар канори фарзандаш мешавад ва баъдан ба иҷрои салоҳиятҳои нахуствазириаш идома медиҳад.

Кӯдак бояд моҳи июн ба дунё биеяд. Ҷасинда Ардерн яке аз сиёсатмадорони ҷавон ва хеле пешрафта ба ҳисоб меравад, ки дар фурсати кӯтоҳ ба мақомҳои баланд рафтааст.

XS
SM
MD
LG