Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Макмастер бо вазири хориҷии Узбекистон дар Вашингтон


Ҳерберт Макмастер
Ҳерберт Макмастер

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов бо мақомоти баландпояии ИМА, бо шумули мушовири Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер дар Вашингтон мулоқот кард. Ин хабарро Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 18 январ пахш кард.

Ба гуфтаи вазорат Комилов ва ёвари Котиби давтлатии Амрико дар умури сиёсат Томас Шеннон як рӯз пеш аз ин " густариши муколамаи Узбекистон ва ИМА дар дар бахши сиёсат, тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг ва бахшҳои дигарро баррасӣ карданд.

Комилов ҳамчунин бо мушовири Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер мулоқт кард. Дар ин мулоқт мавзӯи "равобити дуҷониба, масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ, бо шумули вазъи Афғонистон ва талошҳои муштарак барои муқовимат бо таҳдидҳо" матраҳ шуд.

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев зоҳиран аз равобити гарм бо давлатҳои дигар, бо шумули ҳамсояҳо ва Ийолоти Муттаҳида пуштибонӣ мекунад. Мирзиёев баъди марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ба мақом расид ва дар муддати кӯтоҳ аз оғози дигаргуниҳо дар кишвараш аломат дод.

XS
SM
MD
LG