Пайвандҳои дастрасӣ

Навалний қарори Камиссияи интихоботро дубора ба чолиш кашид


Алексей Навалний

Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний, аз рӯи қарори Камиссия Марказии интихобот, ки сабти номи ӯро ба сифати довталаби мақоми президентӣ рад кард, ба президиуми Додгоҳи Олӣ шикоят бурд. Дар ин бора ҳуқуқшинос Инван Жданов рӯзи 18 январ ба "Интерфакс" хабар дод.

Додгоҳи олӣ ба "Интерфакс" тасдиқ кард, ки аризаи Навалнийро дастрас кардааст.

Рӯзи 25 декабр КМИР сабти номзадии Алексей Навалнийро бинобар ҳукми додгоҳ аз рӯи парвандаи "Кировлес" рад кард. 30 декабр Додгоҳи олӣ низ аризаи Навалиниро барои беэътибор кардани қарори КМИР беасос хонд.

Намояндагони сиёсатмадори мухолифин роҳ наёфтани ӯ ба интихоботро ғайриқонунӣ мешуморанд. Худи Навалний дар твиттер райдиҳандагонро ба коршиканӣ даъват кард. "Мо интихоботи бидуни рақобатро қабул надорем"- навишт Навалний. Баъди ин дар Кремлин тасмим гирифтанд, ки даъватҳои Навалний дар бораи бойкоти интихоботро бар поияи қонунҳои Русия баррасӣ кунанд.

Коршикании интихобкунандаҳо ба 28 январ барномарезӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Бозгашти пирӯзмандонаи Хушқадам Хусравов аз қаҳрамонии ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:07 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG