Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони ҳуқуқ Вазорати коммуникатсияро ба додгоҳ мекашанд


Вакили қазоқ Гулмира Бирҷанова
Вакили қазоқ Гулмира Бирҷанова

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қазоқистон Вазорати иттилоот ва коммуникатсияи ин кишварро ба додгоҳ кашидаанд, то муайян кунанд, ки соли гузашта аз буҷаи давлат барои кадом расона чӣ қадар маблағ ҷудо шуд.

Созмони ҷамъиятии "Маркази ҳуқуқӣ", ки дар ин робита аз вазорат дархости маълумот карда буд, посухи радди мақомотро ғайриқонунӣ номид.. Вале вазорат ба ин маълумот муҳри махфӣ зада, мегӯяд, дастрасӣ ба он маҳдуд аст.

Моҳи июли соли гузашта дар сомонаи ин ниҳод санади ҷамъбасти фармоишҳои давлатӣ барои пеш бурдани сиёсати иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ нашр шуд, вале вазорат ифшо накард, ки кадом расона аз буҷаи давлат беш аз ду миллиард танга гирифтааст.

Ҳуқуқшинос Гулмира Биржанова мегӯяд, вазири иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон Даурен Абаев худсарона ба ин маълумот муҳри махфӣ задааст ва бинобар ин "Маркази ҳуқуқӣ" аз болои қарори вазир ба додгоҳ шикоят бурд.

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Остона 16 январ баррасии ин даъворо оғоз карда, дар нахустин мурофиа ба далели маълумоти махфӣ доштани парванда рӯзноманигоронро бо дархости вазорат аз толор берун кард.

Додрас "Маркази ҳуқуқӣ"-ро вазифадор кард, то 25 январ, дар мурофиаи навбатӣ далел биоранд, ки чаро ин маълумот ба онҳо зарур шудааст.

XS
SM
MD
LG