Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон намоиши "саҳнаҳои ҳамхобагӣ"-и дар филмҳоро манъ кард


Телевизиони Туркманистон ҳунари мергании Бердимуҳаммадовро ба намоиш гузошт.
Телевизиони Туркманистон ҳунари мергании Бердимуҳаммадовро ба намоиш гузошт.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қонунеро имзо кард, ки нишон додани филмҳои шаҳвонӣ, саҳнаҳои хушунат ва одатҳои бадро дар ТВ манъ мекунад. Бино бар иттилои расмӣ, қонун "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"-ро Бердимуҳаммадов охири ҳафтаи гузашта имзо кард.

Қонуни мазкур ҳамчунин ба чеҳрасозии мусбати ин кишвар даъват мекунад. Дар банди 4-уми қонун омадааст, ки "ноболиғон аз дидани саҳнаҳои шаҳвонӣ, хушунатбор ва иттилое, ки ба онҳо одатҳои бадро меомӯзонад, ҳифз карда шаванд".

Дар Туркманистон ҳама навъи расонаҳо таҳти назорати давлат қарор доранд. Муҳтавои барномаҳои телевизиони кабелӣ, саҳнаҳои филмҳоро низ давлат назорат мекунад. Дар ин охирҳо телевизионҳои моҳвораӣ низ барои сокинони кишвар дастнорас шудаанд. Мақомот чунин мавҷгирҳоро барчиданд.

Аммо дар қонун мушаххас нашудааст, ки "одатҳои бад" кадомҳоянд ва онҳоро кадом ниҳод мушаххас мекунад.

XS
SM
MD
LG