Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров ба оилаи ҳомии ҳуқуқ таҳдид кард


Рамазон Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон рӯзи 21-уми январ гуфт, модари боздоштшудаи як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсонро “ҳукми зиндони воқеӣ” интизор аст ва хонаводаи онҳоро, “зиндон, ё зери хок интизор” аст.

Зарима Янгулбоеваи 52-сола ва модари Абубакр Янгулбоев вакили созмони ғайриҳукуматии Кумита Бар Зидди Шиканҷаро рӯзи 20-уми январ афроди ниқобпӯш аз хонааш аз шаҳри Нижний Новгород бурдаанд ва худро маъмурони пулиси Чеченистон муаррифӣ кардаанд.

Созмони Афви Байналмилал ин ҳодисаро, ки 1800 километр дуртар аз Чеченистон рух дод, “одамрабоӣ” хондааст. Янгулбаев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки модарашро барои шаҳодат додан дар парвандаи номаълуме маҷбуран ба Чеченистон бурдаанд. Абубакр Янгулбаев барои созмоне кор мекунад, ки дар Русия “маъмури хориҷӣ” номида шудааст.

XS
SM
MD
LG