Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "дӯсти Тоҷикистон" дар интихоботи Чехия


Милош Земан
Милош Земан

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Чехия ба даври дуввум кашид. Милош Земан, раиси ҷумҳури феълӣ, аз рафиқони Русия дар даври оянда бо Йиржи Драҳош, номзади аврупогаро рақобат мекунад.

Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, дар интихоботи рӯзи 13-уми январ Милош Земан бештар аз 38 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Рақиби ӯ, донишманди чех 26.6 дар сади орои мардумро соҳиб шудааст. Даври дуввуми интихобот рӯзҳои 26-27-уми январ баргузор мешавад ва се номзади дигар гуфтаанд, ки аз Йиржи Драҳош тарафдорӣ мекунанд.

Назарсанҷии Телевизиони Давлатии Чехия нишон додааст, ки бештар аз 48. 5 дар сади мардум аз рақиби Милош Земан ҳимоят мекунанд. Шумораи тарафдорони ӯ 44 дар сад будааст. Милош Земан бо баёнияҳои зидди муҳоҷирон ва ҳамкориҳои наздиктар бо Русия ва Чин баҳси зиёдеро дар кишвараш барангехтааст.

Ӯ дар замони шӯравӣ барои чанд муддат дар Тоҷикистон ҳам кор кардааст ва зимни сафар ба Душанбе гуфт, ки тарафдори ҳамкориҳои наздики ду кишвар аст.

XS
SM
MD
LG