Пайвандҳои дастрасӣ

Човушоғлу Эрону Русияро ба ҳамлаи ҳавоӣ ба Идлиб муттаҳам кард


Ҳавопаймои Сухой-22

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу аз Русия ва Эрон даъват кард, ки масьулияти худро дар баробари барномаи сулҳ иҷро кунанд ва ба ҳамлаи артиши Сурия ба Вилояти Идлиб хотима гузоранд. Човушоғлу афзӯд, ки чунин ҳамлаҳо наметавонанд бидуни пуштибонии Русияву Эрон сурат бигиранд.

Човушоғлу рӯзи 10 январ дар сӯҳбат бо хабаргузории давлатии Туркия - Анадолу гуфт, ки артиши Сурия бо баҳонаи мубориза бо исломгароҳо ба нерӯҳои мухолифини муътадил ҳамла мекунанд.

Ӯ ҳамчунин аз Русия ва Эрон - ду шарики аслии ҳукумати президенти Сурия Башор Асад даъват кард, ки аз ҳамлаи ҳавоӣ ба бахши таҳти назари шӯришгарон дар Идлиб худдорӣ кунанд.

Изҳороти Човушоғлу дар ҳоле пахш шуд, ки нерӯҳои ҳукумати Сурия рӯзи 8 январ дар роҳи ҳаракат ба самти Идлиб 14 деҳкадаро ишғол карданд.

Туркия гуфт, ки пешрафти нерӯҳои Сурияро ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ва Эрон аз фазо таъмин мекарданд.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё афви умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG