Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзиёев нархи интернети босуръатро ва арзон мекунад


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон дастур дод, ки суръати интернет баландтар ва нархаш барои корбарон коҳиш ёбад. Мирзиёев ин дастурро дар як ҷаласа ба мақомоти марбутаи кишвараш эълон кард.

"Ба ман хабар расид, ки дар кишвари мо 20 миллион одам аз Интернет истифода мебарад. Аммо ба далели маҳдуд будани хизматрасониҳо дар ширкатҳои миллии интернетӣ аксари сокинон танҳо ба муколама дар шабакаи иҷтимоии "Телеграм" машғул ҳастанд", - гуфтааст Мирзиёев.

Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки дар кишварҳои ИДМ суръати миёнаи интернет дар муқоиса бо Узбакистон 10 баробар болотар аст.

Мирзиёев ба масъулони ҳукуматаш дастур дод, ки арзиши Интернет кам, суръат ҳадди ақал 4 баробар баланд ва то соли 2020 ба сатҳи кишварҳои ИДМ расонида шавад.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG