Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Душанбе: "5139 падару модар барои нақзи қонун муҷозот шуданд"


Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, дар шаҳри Душанбе нақзи қонуни масъулияти падару модар ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Аз Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 10 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар соли гузашта нисбати 5139 нафар волидайн барои нақзи қонуни масъулияти падару модар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ин рақам дар нисбати соли гузашта наздики 800 адад бештар аст.

Масъулини РКД дар пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, волидайни ба ҷавобгари кашида шуда, нисбати таълиму тарбияи фарзанд "бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ" зоҳир кардаанд. Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, яке аз қонунҳои баҳсбарангезест, ки моҳи июли соли 2011 қабул шудааст ва то кунун бар асоси он ҳазорон волидайнро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ҷарима кардаанд.

Аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ он замон мегуфтанд, ки ин қонун мухолиф ба Конститутсия аст, зеро озодиҳои шаҳрвандиро маҳдуд мекунад. Дигар ин ки ҷавонону наврасон ҳам ба истиснои марказҳои дилхушӣ ҷойи дигаре барои вақтгузаронӣ надоранд.

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG