Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев дар феҳристи даҳ раҳбари таъсиргузор


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба даҳгонаи раҳбароне ворид шуд, ки имкони тағйир додани авзо дар кишвари худ ва минтақаву ҷаҳонро доранд. Ин феҳрист аз тарафи шореҳони сиёсии яке аз нашрияҳои маъруфи Туркия – Derin Ekonomi – таҳия шудааст.

Оҷонси хабарии “Ҷаҳон” рӯзи 6-уми январ навишт, Мирзиёев аз рӯзи аввали расиданаш ба қудрат дар Узбекистон ба ислоҳоти густарда, аз ҷумла дар бахши иқтисоду сайёҳӣ, таъмини озодии виҷдон ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ даст задааст.

Ин нашрия яке аз қадамҳои муҳими Шавкат Мирзиёевро дар тӯли беш аз як соли раҳбарияш ба роҳ мондани муносибати хуб бо кишварҳо, бахусус, ҳамсояҳо донистааст.

Тавре расонаҳои туркӣ менависанд, номи даҳ роҳбаре, ки шомили феҳраст шуданд, эҳтимол барои ҷомеаи ҷаҳонӣ то чанде пеш ошно набуданд, аммо соли 2018 онҳо "аз худ дарак хоҳанд дод".

XS
SM
MD
LG