Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як футболбози дигари тоҷикро хориҷиён мебаранд


Ҷаҳонгир Алиев бо шумораи 9

Ҷаҳонгир Алиев, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба бошгоҳи футболи «Насаф»-и Қаршӣ, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Узбакистон, даъват шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, футболбози 21-солаи тоҷик Ҷаҳонгир Алиев дар ҳамин ҳол дар ихтиёри дастаи «Насаф» қарор дошта, аз озмоиш мегузарад. Ӯ алакай дар ҳайати ин даста якчанд маротиба тамрин намудааст.

Ҷаҳонгир Алиев, ки 14-уми июли соли 1996 таваллуд шудааст, дар дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров (солҳои 2012 ва 2014) ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд (солҳои 2013 ва 2015) бозӣ кардааст. Вай аз соли 2016 дар дастаи “Истиқлол” ба ҳайси нимҳимоятгар ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон низ бозӣ кардааст, феълан узви тими миллии кишвар мебошад. Қадаш 1 метру 78 сантиметр, вазнаш 63 кг аст.

Ҷаҳонгир Алиев дар ҳайати дастаи “Истиқлол” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (солҳои 2016 ва 2017), барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2016), барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (2016), барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2017 ва финалисти Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 гардидааст.

Нуриддин Давронов
Нуриддин Давронов

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш се бозигари дастаи қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии ҷумҳурӣ – Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев – барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Индонезия бо бошгоҳҳои ин кишвар қарордоди яксола ба имзо расонида буданд.

Ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилови 27-сола, ки бозигари беҳтарини Ҷоми AFC-2017 гардидааст, дар ҳайати дастаи «Шривиҷая» аллакай якчанд бозӣ анҷом додааст. Нимҳимоятгар Нуриддин Давронови 26-сола, ки капитани тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аст, дар бошгоҳи «Мадура Юнайтед»-и Индонезия бозӣ мекунад. Нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани 27-солаи дастаи “Истиқлол”, ки беҳтарин футболбози соли 2017 эълон шуда буд, ба бошгоҳи футболи «Персела Ламонган»-и Индонезия пайвастааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG