Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки имрӯз, 21-уми декабр, дар сомонаи расмииFIFA нашр шудааст, як зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 255 имтиёз дар ҷойгоҳи 126-ум қарор гирифтааст.
Олмон дар феҳрасти нави FIFA бо 1602 имтиёз ҷойи аввал, Бразилия бо 1483 имтиёз ҷойи дувум ва Португалия бо 1358 имтиёз ҷойи севумро касб кардаанд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, як зина боло шуд ва мақоми 23-юмро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 798 имтиёз дар зинаи 32-юм) қарор дорад. Австралия дувум (дар ҷаҳон 38-ум, 747 имтиёз) ва Ҷопон севум (дар ҷаҳон 57-ум, 600 имтиёз) мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (35-ум), Русия (64-ум) ва Узбакистон (78-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Латвия (132-юм), Қазоқистон (137-ум), Литва (149-ум) ва Молдова (167-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (78-ум), Туркманистон (114-ум) ва Қирғизистон (115-ум) ҷойгир шудааст.
Соли 2017 мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ шаш бозӣ кардааст. Аз он ҷумла панҷ бозӣ дар доираи мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили Яман (1:2 ва 0:0), Филиппин (3:4), Непал (2:1 ва 3:0), инчунин як бозии дӯстона бо тими миллии Баҳрайн (1:1) анҷом додааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 27-уми марти соли оянда дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Филиппин, ки дар феҳристи FIFA бо 263 имтиёз дар мақоми 124-ум қарор дорад, анҷом медиҳад.
Феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Феҳристи нави FIFA 18-уми январи соли 2018 нашр хоҳад шуд.
Соҳиби мол, ки молашро и дздако ба яғмо мебаранд 100 дар сад розӣ аст ки дздако ай 10-ум эташ поён головой партоян з хдшона. Ана кайф!!!
Президент дар баромадаш гуфт нархро арзон кунед. Дасти якуми молу махсулот фарзандону хусурчагон ва хешовандони худи Ҷаноби Олӣ аст. Як маҷлиси оилавӣ ташкил карда барои поин овардани нарх ақаллан дар моҳи Рамазон маслиҳат додан бамаврид аст. Аз сӯзишворӣ сар карда, зеро болоравии нарх ин бензину газ вобастагӣ дорад.
Касе нарху наворо танзим намекунад даьвои мо беасос аст инчо хукумат ва савдогарон гунахкоранд хама горати мардумро карда истодаанд
Ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мурочиат намоед.Аз нозири бурдагй то пурсучу кардагй хабс мешаванду ба чабрдида чуброн месупоранд.
нархи гушт 65 сомони шуда бошад барои чи сохибони гову молро ба пурраги аз андоз озод намуданд? Аз инчо маълум мешад ки конунро барои ки омода намудаанд. Раху ру кую дашт хама пури молу гов шудаги омор менависад ки шумораи чорво сол то сол аз миллионхо гузаштааст пас дуруг аст? баъди рамазон низ гуштро арзон намекунанд хамин хел нархаш мемонад вакилони мухтарам аз андоз озод кардан гиред ба манфиати гуруххои каллобу фиребгар афсус ки хама дуруг будааст. руи рост мардуму хукуматро фиреб медихед эй кош монанди Сталин нафаре пайдо шаваду хамаатонро ба Мургоб ссылка кунад рафта сангро аз хок чудо кунед .Омин дар мохи шарифи Рамазон