Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози беҳтарини Тоҷикистон дар Индонезия бозӣ мекунад


Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва нимҳимоятгари тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки беҳтарин футболбози соли 2017 эълон шуда буд, ба бошгоҳи футболи «Персела Ламонган»-и Индонезия пайваст.

Чунонки сомонаи расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар додааст, футболбози 27-солаи тоҷик Фатҳулло Фатҳуллоев бо бошгоҳи «Персела Ламонган»-и Индонезия, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар порсол дар байни 18 даста мақоми 14-умро касб намуд, қарордоди яксола ба имзо расонидааст. Мавсими нави футбол дар Индонезия охири моҳи феврал шуруъ мешавад.

Фатҳулло Фатҳуллоев, ки аз соли 2009 дар дастаи «Истиқлол» бозӣ мекард, шаш бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст.

Ёдовар мешавем, пеш аз Фатҳуллоев ду футболбози тоҷик – Манучеҳр Ҷалилов ва Нуриддин Давронов – барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Индонезия бо бошгоҳҳои футболи ин кишвар қарордоди яксола ба имзо расонида буданд.

Манучеҳр Ҷалилови 27-сола, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамлагари тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки бозигари беҳтарини Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 гардидааст, дар ҳайати дастаи «Шривиҷая» аллакай чанд бозӣ анҷом додааст.

Нуриддин Давронови 26-сола, капитани тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, дар бошгоҳи «Мадура Юнайтед»-и Индонезия бозӣ мекунад.

Вале дар сомонаи расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол” дар бораи маоши футболбозони тоҷик бар асоси шартномаҳои имзокардаашон дар бошгоҳҳои футболи Индонезия ҳеҷ гуна иттилоъ дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG