Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 шоҳзодаи Арабистони Саудиро боздошт карданд


Акс аз бойгонӣ

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Арабистони Саудӣ 11 шоҳзодаро барои эътироз ба зидди қарори раҳбарони кишвар дар бораи кам кардани харҷи давлатӣ барои аъзои хонаводаи шоҳ дастгир кардаанд.

Бар асоси ин қарор, аз ин баъд харҷи обу барқ ва дигар хадамоти коммуналиро бояд аъзои хонаводаи шоҳ худашон бипардозанд. Хабаргузории Ройтерс бо такя ба вебсайтҳои арабӣ навиштааст, ки шоҳзодаҳои норозӣ дар кохи шоҳи Арабистон дар шаҳри Риёз ҷамъ омада ва талаботашонро пеш гузоштаанд.

Баъди сарпечӣ аз амри пароканда шуданд, ҳамаашонро ба зиндон бурдаанд. Муҳаммад бин Салмон, вориси ҷавони тахти шоҳи Саудӣ ҳоло ислоҳотеро дар кишвараш ба роҳ андохтааст ва барои коҳиши харҷи буҷаи Арабистон, ки даромадаш камтар мешавад, роҳи сарфаҷӯиро пеш гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Боздошт баъди мулоқот бо нахуствазир. Пашиниён дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG