Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латвия дуюмин хабарнигори Русияро хориҷ кард


Латвия- девор дар марз бо Русия
Латвия- девор дар марз бо Русия

Мақомоти Латвия хабарнигори шабакаи ВГТРК- и Русия Олга Курлаеваро аз кишвар хориҷ карданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе телевизиони "Россия-24" хабар дод. Ба гуфтаи ин шабака, Рига буду боши Курлаеваро дар қаламрави Латвия таҳдид ба амнияти миллӣ арзёбӣ мекунад.

Рӯзи гузашта Латвия ҳамсари Курлаева, хабарнигори "ТВ Центр" Анатолий Курлаевро аз аз қаламраваш хориҷ кард. Раҳбарияти шабакаи "ТВ Центр" мегӯянд, ки Курлаев бо сафари хусусӣ дар Латвия қарор дошт. Худи хабарнигор амали мақомоти Латвияро ба фаъолияташ дар филми "НАТО у ворот" марбут кард. Эълони кӯтоҳи филм, ки дар сомонаи "ТВ Центр" пахш шуд, "намоиши навори пойгоҳи пинҳонии НАТО дар ҷангалҳои Рига"-ро ваъда мекард.

Вазорати умури хориҷии Латвия сабаби аслии депорт шудани ин ду хабарнигорро шарҳ надод. Аммо дар ин ниҳод гуфтанд, ки соли гузашта номи 100 нафарро ба "рӯйхати сиёҳ"- и афроди мамнуъулвуруд ворид карданд. Бархе аз онҳо дар заминаи муносибати ғайридӯстона бо Латвия ба ин рӯйхат афтиданд.

XS
SM
MD
LG