Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади фаъоли ҳуқуқи башари Украина дар рӯдхона пайдо шуд


Ирина Ноздровская
Ирина Ноздровская

Беш аз 100 нафар дар вилояти Киеви Украина барнома доранд, ки бо талаби ошкор кардани қотилони фаъоли ҳуқуқи башар Ирина Ноздровская дар назди идораи пулис ҷамъ шаванд.

Ҷасади Ноздровская, ки 29 декабр нопадид гардид, рӯзи гузашта дар рӯдхона пайдо шуд. Осори зӯроварӣ дар ҷасад ошкор нашудааст. Раҳбари иттиҳоди касабаи Вазорати умури дохилии Украина Иля Кива ба шабакаи телевизионии "112 Украина" гуфт, ки Ноздровскаяро ё ба дарё партофтанд, ё ин ки ӯ худашро ғарқ кардааст. Пулис бо гумони марги иҷборӣ парванда боз кард. Тафтишот фарзияи куштор дар заминаи фаъолияти Ноздоровскаяро соқит намекунад.

Ду соли ахир Ирина Ноздровская, ки аз рӯи тахассус ҳуқуқдон аст, қазияи ҳалокати хоҳарашро пайгирӣ мекард. Хоҳари ӯ дар як садамаи нақлиётӣ бо иштироки Дмитрий Россошанский - писари додгустари ноҳиявӣ, кушта шуд. Ирина Ноздровская баъди суханрониҳояш дар додгоҳ аз тарафи айбдоршаванда ва хешони ӯ борҳо таҳдид шуда буд. Ӯ билохира ба ин муваффақ шуд, ки додгоҳ Россошанскийро ба муддати 7 сол зиндонӣ кард. Аммо рӯзи 27 декабр додгоҳи таҷдиди назар парвандаро дубора барои бознигарӣ фиристод.

XS
SM
MD
LG