Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Се ноболиғ дар ҳарам” сари муҳоҷири тоҷикро дар бало монд


Абдувоҳид Эсанов
Абдувоҳид Эсанов

“Ташкили ҳарам ва нигаҳдории се ноболиғ дар он”, - навиштае аз хабаргузории вилояти Амури Русия аст, ки зиндагии як ҷавони муҳоҷири тоҷикро талх кардааст.

Аз рӯи одоби рӯзноманигорӣ мо чеҳраи онҳоро пушонидем, вале ба пулис муроҷиат кардем, ки инро таҳқиқ кунад. Ҷавоби ин ҷавонро ҳам чоп кардем. Мо рисолати худро анҷом додем. Дигараш кори пулис аст.

Ин хабаргузорӣ рӯзи 22-юми декабр акси Абдувоҳид Эсанов, муҳоҷири тоҷикро ҳамроҳи се духтари навраси чеҳраҳояшон пӯшида нашр кард ва навишт, дар шаҳри Благовешенски вилояти Амур ҷавоне бо ҷалби ноболиғон ҳарам ташкил кардааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, ҷавони тоҷик гӯиё духтарони ноболиғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ҷалб кардааст. Дар ин матлаб порае аз мукотибаи ин ҷавон низ нашр шуд.

Хабаргузорӣ навиштааст, аксҳоро як сокини Краснодар ба шарти ифшо нашудани номаш фиристод. Онҳо дар ин мақола аз ин ҷавон танҳо Воҳид ном бурда гуфтаанд, маълумоти пурра дар ин бораро ба пулис доданд.

"Гуфтанд, ки ҷойи зистатро иваз кун"

Абдувоҳид Эсанов, муҳоҷири 33-солаи тоҷик, рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ занг зад ва гуфт, дар пайи тӯҳмате метавонад зиндонӣ шавад. Вай гуфт, феълан дар Русия аст. Абдувоҳид Эсанов гуфт, ин аксҳоро аз рӯи рашк як дӯстдухтараш ба расонаҳо фиристодааст ва хабаргузории Амур бидуни таҳқиқ бо сарлавҳаи ҳангомабарангез чунин мақола нашр кардааст.

Абдувоҳид мегӯяд, духтароне, ки аксашон дар он мақола нашр шудааст, дугонаҳои дӯстдухтараш буда, ноболиғ нестанд ва аз 18-сола боло мебошанд. Ӯ гуфт, ин аксҳо дар зодрӯзи яке аз онҳо бардошта шудааст ва миёни онҳо ҳеҷ иртиботи ҷинсӣ вуҷуд надошт. “Ҳатто бо он духтар ҳам ҳеч алоқае надоштам. Ӯ аз телефони ман ин аксҳоро гирифта, ба ин хабаргузорӣ фиристодааст. Вақте ин мақола нашр шуд, дӯстонам ба ман занг зада гуфтанд, ҷойи зистатро иваз кун, ки бе пурсиш боздошту ҳабс мешавӣ”, - афзуд ӯ.

"Ё маро ҷазо медиҳанд, ё ихроҷ мекунанд"

Абдувоҳид, ки таҷрубаи рӯзноманигорӣ дар матбуоти Тоҷикистонро дорад, гуфт, хабарсозии бидуни таҳқиқи як расонаи русӣ кору зиндагиашро ба мушкил печондааст. Ҳарчанд рӯзи 25-уми декабр хабаргузории Амур аз қавли ин ҷавон ташкили ҳарамхона ва ҷалби ноболиғонро рад кард, ҳанӯз мушкил ҳал нашудааст. Ӯ мегӯяд, гуноҳе надорад, аммо аз он хавф дорад, ки пулиси Русия ё ӯро бегуноҳ ҷазо медиҳад ва ё дар сурати тасдиқ нашудани ҷурмаш ба Тоҷикистон истирдод мекунад.

Абдувоҳид Эсанов
Абдувоҳид Эсанов

“Инҷо, вақте дар матбуоташон чунин чизе нашр шуд, кӯшиш мекунанд, ки ҷазо диҳанд. Ҳоло вазъиятам хеле бад аст. Метарсам, ки ҳеч гуноҳ намеёбанд ва ягон хато дар ҳуҷҷатгузориам пайдо карда, ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд”, - гуфт ӯ.

Пулиси шаҳри Благовешенски вилояти Амур рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан ин ҷавонро ҷустуҷӯ дорад. Навбатдори шӯъбаи пулиси ин шаҳр гуфт, дар сурати исботи бегуноҳӣ он ҷавон аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд.

Хабарнигор: Мо кори худро кардем, навбати пулис

Абдувоҳид Эсанов мегӯяд, духтарон ҳозиранд, ба пулис рафта шоҳидӣ бидиҳанд, ки ноболиғ нестанд ва аз вуҷуди ҳарамхона низ хабардор нестанд. Ӯ барои тасдиқи бегуноҳиаш нусхаи шиносномаҳои ин духтаронро ба мо фиристод, ки ноболиғ нестанд.

Татяна, хабарнигори хабаргузории Амур рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ин қазия рисолати рӯзноманигориашонро анҷом додаанд. Ӯ гуфт, “вақте ба мо хабар расид, ки бо сӯистифода аз ноболиғон ҳарамхона ташкил кардаанд ва акс фиристоданд, мо нашр кардем. Аз рӯи одоби рӯзноманигорӣ мо чеҳраи онҳоро пушонидем, вале ба пулис муроҷиат кардем, ки инро таҳқиқ кунад. Ҷавоби ин ҷавонро ҳам чоп кардем. Мо рисолати худро анҷом додем. Дигараш кори пулис аст.”

Абдувоҳид Эсанов, ки бо номи Абдувоҳиди Ҷабборпур бо нашрияҳои маҳаллӣ дар Душанбе кор мекард, пас аз бад шудани вазъи молиявии расонаҳо корашро аз даст дод ва барои муҳоҷират ба Русия рафт. Ӯ дар вилояти Амур дар як ширкати истихроҷи тилло кор мекунад ва моҳе то 60 ҳазор рубл маош мегирад.

XS
SM
MD
LG