Пайвандҳои дастрасӣ

Арзҳои СМС-ӣ ба мансабдорони Конибодом. Роҳи наҷот аз сарсонӣ?


Мунтазири гирифтани шиноснома

Ҳукумати шаҳри Конибодом рақами телефонҳои ҳамроҳи мансабдоронро нашр кардааст, то сокинон дархосту шикоят ва аризаҳои худро ба воситаи паёмак ё худ “SMS” ба онҳо фиристанд.

Шумораи телефонҳо пушти дари идораҳои ҷамоат, дар маконҳои серодам ва дар рӯзномаи маҳаллӣ нашр шудааст. Паёмаки сокинон ҳамчун ариза қабул мешавад ва мансабдор ӯҳдадор аст, дар зарфи 24 соат ба он посух диҳад. Акмал Ализода, мудири шӯъбаи ташкилии шаҳри Конибодом рӯзи 10-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, паёмакҳое, ки ба телефони мобили мансабдорон ворид мешавад, дар як махзани иттилоотии ҳукумати маҳаллӣ низ сабт мешавад. Раиси шаҳр охири ҳар ҳафта посухи мансабдорон ба аризаҳоро тафтиш мекунад.

Ализода мегӯяд, ҳоло рақами 13 мақомдор, ки назди идораҳояшон аз ҳама беш мардум барои расонидани арз навбат мепоянд, нашр шудааст.

Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

“SMS ё паёмаки телефонӣ ҳамчун ариза қабул мешавад. Агар зарурат барои имзо гузоштан дар қарору ҳуҷҷате пайдо шуд, вақти муайяне таъйин мешавад ва сокин соатҳо пушти дар мунтазир намемонад ва вақти муайян омада, корашро анҷом медиҳад. Ҳам вақти мансабдор сарфа мешавад, ҳам вақти мардум. Масалан, ба ман муроҷиат шуду ҷавоб надодам, инро одами масъул ва раиси ноҳия тафтиш мекунад ва чора меандешанд”-гуфт ӯ.

Аризаҳои СМС-ӣ

Дар кишварҳои ғарбӣ маъмулан муштариён метавонанд, аризаи худро аз тариқи вебсайт ба ниҳоди зарурие бифристанд ва вақти қабул ё ба он посух бигиранд. Ҳукумати Тоҷикистон низ чанд сол аст, лоиҳаи “ҳукумати электронӣ”- ро иҷро мекунад. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вазорату корхонаҳои давлатӣ сомонаҳои худро боз карданд, вале бисёре аз ин вебсайтҳо фаъол нестанд ва муроҷиати электронӣ низ тавассути онҳо кам ба назар мерасад.

Ҳангоми рафтан ба назди утоқи кории мансабдорон котибаҳо бо гуфтани ин ки “раис банд аст, имрӯз қабул намекунад” ё “раис нест” посух медиҳанд.

Аз ин рӯ, Акмал Ализода, масъули ҳукумати Конибодом навиштани паёмак ба мансабдоронро дар шароити феълӣ роҳи осону дастрас барои сокинон медонад. Чун, ба гуфтаи ӯ, бисёриҳо ба интернет дастрасӣ надоранд, вале ҳар нафар телефони мобил ва шароити навиштани паёмак бидуни истифода аз интернетро дорад.

“Аризаҳои SMS”-ӣ аз 1-уми декабр дар Конибодом роҳандозӣ шудааст ва бар асоси он раисони ҷамоат, сардори кумитаи замин, мудири идораи маориф, сартабиби беморхона, мудири идораи сабти аснои расмӣ ё ЗАГС, сардори нозироти андоз ва дигар мансабдорон ба аризадиҳандагон посух медиҳанд.

“Арз ним ҷумла, вале ду соат вақт мегиранд”

Мубина Сироҷиддинзода, мудири Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Конибодом мегӯяд, барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, ба қайд гузоштани ақди никоҳ ва чанд номгӯи дигари ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза даҳҳо нафар пушти идораи онҳо навбат мепоянд.

Ӯ гуфт: “Ҳоло танҳо ба мо як нафар барои рӯзи ақди никоҳро дақиқ кардан ариза навиштааст. Агар ҳамин хел тариқи SMS ё ба дигар тариқ одамон навбат гиранд, навбат поидан кам ва ҳали корҳо осон мешавад”.

Абдусаттор Исроилов, мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Конибодом рӯзи 10-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз як муҳоҷири тоҷик “аризаи SMS-ӣ” дарёфт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, сокини Конибодом аз Русия навиштааст, ки шаҳодатномаи хатми мактабиашро гум кардааст ва мехоҳад, онро аз нав дастрас кунад. Исроилов мегӯяд, ба ӯ роҳҳои дубора дастрас кардани шаҳодатномаро фаҳмонданд ва ҳангоми бозгашт аз Русия, ӯ метавонад, шаҳодатномаашро бигирад.

“Баъзеҳо, ростӣ ним ҷумла арз доранд, вале ду се соат вақтро мегиранд”-гуфт ӯ. Азбаски баъзеҳо тӯлонӣ сӯҳбат мекунанд, ба шумораҳое, ки дар пушти идораҳо навишта шудаанд, фақат паёмак фиристодан мумкин аст. Тамоси телефонӣ гирифтан ба ин рақамҳо имконнопазир аст.

“Раис банд аст, қабул намекунад”

Абдувоҳид Камолов, як сокини 52-солаи шаҳри Конибодом мегӯяд, панҷ сол боз мақомоти маҳаллӣ арзи ӯро барои гирифтани як порча замин ба хотири сохтани манзили зист бо баҳонаҳои гуногун қонеъ намекунанд.

Ӯ гуфт, мушкили аввали корафтодагон пайдо кардани мансабдорон аст. Барои пайдо кардани мансабдор, ба унвони мисол раиси Кумитаи замин, ба гуфтаи ӯ, ҳафтаҳо лозим аст. Ҳангоми рафтан ба назди утоқи кории мансабдорон котибаҳо бо гуфтани ин ки “раис банд аст, имрӯз қабул намекунад” ё “раис нест” посух медиҳанд.

“Баъди таку дави зиёд ва даҳ бор рафтан ба ариза ҷавоб менависанд, ки баррасӣ мешавад. Ба ҳамин вазифаи худро анҷомшуда меҳисобанд. Ё менависанд, ки номат дар навбат барои гирифтани замин гузошта шуд. Панҷ сол аст, чунин ҷавоб мегирам. Яъне, ба ариза ҷавоб менависанд, вале корат ҳал намешавад. Тариқи SMS ҳам фикр мекунам, чунин ваъдабозиҳо давом пайдо мекунад”-гуфт ин сокини Конибодом.

Интизорӣ ё фарҳанги “на ту дониву на ман”

Мансабдорони Конибодом аз аввалин мансабдороне дар Тоҷикистон ҳастанд, ки барои шунидани арзи сокинон бо паёмак изҳори омодагӣ кардаанд. Коршинсоон мегӯянд, дар воқеъ агар ин шева дуруст кор кунад, ташвиши мардум камтар мешавад.

Корафтодагон даҳҳо километрро тай мекунанд, маблағ сарф мекунанд, меоянд, соатҳо интизор мемонанд ё мансабдорро намеёбанд ва ё онҳоро қабул намекунанд.

Фазлиддин Хоҷаев, сардабири нашрияи “Фараж” мегӯяд, ҳанӯз дар Тоҷикистон фарҳанги пазируфтан ва шунидани арзи корафтодагон дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба низоми муайян ворид нашудааст. Ба гуфтаи Хоҷаев, сар аз беморхона то идораҳои давлатӣ навбатҳои тӯлониро метавон мушоҳида кард, ки на мансабдор медонад, ки киро кай қабул мекунад ва на корафтода.

Ҳукумати Тоҷикистон чанд талоше барои ҳалли ин мушкилот кард, вале натиҷаи назаррасе надоданд. Боз кардани сомонаҳо, ки баъзе солҳо нав намешаванд ва қабули раисони шаҳру навоҳӣ дар рӯзҳои шанбе аз чунин иқдомҳо буданд.

Маъмулан, рӯзҳои шанбе сокинони зиёде пушти дари раисон ҷамъ мешаванд ва ба иқрори худи раҳбарон на ҳамеша вақт мешавад, ки бо ҳамаи корафтодагон як ба як мулоқот карду арзашонро шунид.

Сели мактубҳои шикоятӣ ба унвони президент

Бо дарназардошти ин вазъ Фазлиддин Хоҷаев мегӯяд, истифодаи дуруст аз технологияи муосир метавонад ин мушкилро ҳал кунад.

Хоҷаев афзуд: “Ҳатто баъзан, корафтодагон даҳҳо километрро тай мекунанд, маблағ сарф мекунанд, меоянд, соатҳо интизор мемонанд ё мансабдорро намеёбанд ва ё онҳоро қабул намекунанд. Пушти як ташхисгоҳ навбати тӯлониро метавон дид, ки ба баъзеҳо то бегоҳ навбат намерасад. Агар навбат гирифтан ё ариза навиштанро ба низоми электронӣ ворид кунанд ё мисли Конибодом ҳади аққал тариқи паёмак ба роҳ монанд ин мушкил ҳал мешавад”.

Қонунҳои Тоҷикистон барои посух надодан ба арзи сокинон ҷавобгариро пешбинӣ мекунад. Аз ин рӯ, Хоҷаев мегӯяд, мансабдорон ҳатман ба арзи сокинон посух медиҳанд, вале мушкили онҳоро ҳал намекунанд. Аз ҳамин сабаб аст, ки ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта даҳҳо мактуби шикоятӣ, ё мактубҳои боз ба унвони президент ба идораи ҳафтаномаҳо мерезад.

Дар бархе аз идораҳои Тоҷикистон “телефонҳои боварӣ” фаъол аст, аммо бори аввал аст, ки дар як шаҳри Тоҷикистон рақамҳои телефонҳои ҳамроҳи мансабдоронро нашр мекунанд, то арзи сокинон мустақим ба худашон бирасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG