Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе шабакаи ягонаи иттилоотӣ таъсис медиҳад


Бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбе

Шаҳрдори Душанбе бо ҳадафи пурра гузаштан ба ҳукумати электронӣ ва таъсиси шабакаи ягонаи маҳаллии иттилоотӣ шӯрои махсус таъсис дод. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “Шӯрои машваратии назди шаҳрдор оид ба таҳия, такмил ва истифодабарии технологияҳои навин бори нахуст таъсис ёфтааст.”

Ба қавли Усмонзода, Шӯрои мазкур бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе амал карда, ҳамчун ниҳоди машваратӣ дар назди шаҳрдори Душанбе фаъолият мекунад.

Сухангӯи шаҳрдори Душанбе афзуд, “вазифаҳои Шӯрои мазкур амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар доираи тасъис додани шабакаи ягонаи маҳаллии иттилоотӣ фарогирандаи ҳамаи сохторҳои шаҳр бо пайваст ба Интернет мебошад. Инчунин масъулини дигари ин Шӯро фароҳам овардани шароити мусоид барои шомил намудани шаҳри Душанбе ба қатори шаҳрҳои дорои зерсохтор ва технологияҳои ҳозиразамони иттилоотӣ аст.”

Дар шаҳрдорӣ мегӯянд, ба узвияти Шӯрои машваратии назди раиси Душанбе оид ба таҳия, такмил ва истифодабарии технологияҳои навин ҳамчунин олимон, мутахассисон ва раиси комиссияи экологиии Маҷлиси намояндагон шомил мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG