Ботур Парпиев, раиси 71-солаи Кумитаи давлатии молиёт ва яке аз генералҳои соҳибнуфузи Узбакистон аз президент дархости истеъфо кард. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати Узбакистон хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ, генерал-лейтенант Ботур Парпиев аризаи истеъфояшро ба номи президент Шавкат Мирзиёев ду моҳ пеш навиштааст.
"Вай сабаби истеъфо хостанашро ба вазъи саломатиаш рабт медиҳад. Вақтҳои охир аз дарди по шикоят мекунад", - афзуд манбаъ.
Иттилоъ дар бораи аризаи истеъфои раиси Кумитаи андоз дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар кумитаи мазкур "поксозии саросарӣ"-и кормандон оғоз шудааст. Ихтисори кормандон дар кумитаи андоз бо фармони президент Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.
Пештар Мирзиёев аз мақомоти андоз ба хотири дахолат дар умури соҳибкорон ва баргузории тафтишҳои беасос танқид карда буд. Он замон Мирзиёев гуфта буд, ки дар ояндаи наздик дар ин мақомот тағйири куллӣ ҷараён хоҳад гирифт.
Ботур Парпиев аз соли 2004 ба ин сӯ ба кумитаи андози Узбакистон роҳбарӣ мекунад.