Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА рад шудани аризаи Навалнийро интиқод кард


Сухангӯи раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо манъи Алексей Навалний аз ширкат дар интихоботи президентии соли 2018-ро интиқод кард ва гуфт, ки ин монеа “дар заминаи гуногунандешии сиёсӣ дар Русия суолҳои зиёд эҷод” ва ҳам дурнамои интихоботи демократии ин кишварро шубҳаовар мекунад.

Майя Косянчич, сухангӯи Федерика Могеринӣ дар як изҳороташ рӯзи 26 декабр, як рӯз баъди расман рад шудани сабтиноми номзадии Алексей Навалний дар интихоботи президентӣ гуфт, Навалний метавонист рақиби аслии Владимир Путин шавад.

Комиссиюн рӯзи 25 декабр қабули аризаи Навалнийро рад кард ва гуфт, ки бо сабаби вуҷуди доғи судӣ дар заминаи тақаллуб сиёсатмадор наметавонад номзад шавад. Навалний як ҳукми шартии зиндон гирифтааст ва худаш ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.

Худи Навалний дар як изҳороташ гуфт, ки интизори чунин тасмим буд ва аз тарафдоронаш даъват кард, ки интихоботро бойкот кунанд:

“Маъракае, ки ба мо пешниҳоди ширкат дар он карда мешавад, интихобот нест. Дар он танҳо Путин ва афроди интихобкардаи ӯ иштирок мекунанд. Ин афрод ба ӯ ҳеҷ хатаре надоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ маъракаи интихоботӣ барпо накарда ва намекунанд”

Дар қарори Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар гуфта шуд, ки Навалний соли 2013 аз дастрасӣ ба додгоҳи одилона маҳрум шуда буд.

XS
SM
MD
LG