Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли урани Қазоқистон ба Эрон ба таъхир афтод


Ширкати "Казатомпром" интиқоли уранро ба Эрон то дарёфти иҷозати шаш абарқудрати ҷаҳонӣ - ширкатдорони созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон - ба таъхир гузошт, менависанд рӯзи 25 декабр расонаҳои хориҷӣ. Созишномаи абарқудратҳо бо Эрон дар соли 2015 имзо шуда буд.

Теҳрон дар ивази маҳдуд кардани барномаҳои ҳастаияш коҳиши таҳримҳои байналмилалиро ба даст овард.

Раиси "Казатомпром" Галимҷон Пирматов дар нишасти хабарии 21 декабр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, ки интиқоли уран ба Эрон танҳо дар сурати ризоияти Бритониё, Чин, Фаронса, Русия, ИМА ва Олмон сурат хоҳад гирифт.

Шартнома миёни Қазоқистону Эрон дар хусуси хариду фурӯши 950 тона уран моҳи апрели соли 2016 баста шуд. Бар асоси шартнома, интиқоли уран бояд соли 2017 анҷом мешуд, аммо ба далели дарёфт нашудани ризоияти кишварҳои абарқудрат интиқол сурат нагирифт.

Сомонаҳои эронӣ менависанд, ки ширкати "Казатомпром" муҳлати шартномаро то соли 2020 тамдид кард ва доду ситади уран дар солҳои 2018-2020 сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG