Пайвандҳои дастрасӣ

ICD: Бонки Рушди Тоҷикистон тибқи шариат амал хоҳад кард


Бонки Рушди Тоҷикистон бо корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ ё ICD созишномаеро имзо кардааст, ки тибқи он, ин созмон дар табдил додани бонк ба бонки исломӣ кумак хоҳад кард.

Ин созмон яке аз шохаҳои Бонки Исломии Рушд ва марказаш дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ аст.

Бонки Исломии Рушд охири ҳафтаи ҷорӣ дар торнамои расмии хеш гуфт, дар сурати ба бонки исломӣ табдил ёфтани Бонки Рушди Тоҷикистон, ин нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки тибқи қоидаҳои шариат амал хоҳад кард.

Тоҷикистон соли 2014 қонун дар бораи бонки исломиро қабул кард, аммо то ҳанӯз дар кишвар ягон бонки исломӣ амал намекунад.

Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми декабр дар як нишаст гуфт, барои ба кор шурӯъ кардани бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон бояд ба чанд қонун, аз ҷумла ба Кодекси андоз тағйирот бояд ворид карда шавад ва баъдан ин гуна бонкҳо ба пуррагӣ метавонанд дар кишвар амал кунанд.

Бонкҳои исломӣ дар Қазоқистон ва Қирғизистон амал мекунанд. Як пажуҳиши Корпоратсияи Байналмиллалии молиявӣ дар Қирғизистон нишон додааст, ки беш аз 80 дарсади муштариён дар кишвар ҳамкорӣ бо бонки исломиро аз бонкҳои муқаррарӣ афзалтар медонанд.

Пажӯҳишгарони ин созмон мегӯянд, дар шароити варшикаста шудани бонкҳои анаъанавӣ ва банд мондани пули амонатгузорон дар сурати таъсис ёфтани бонки исломӣ дар Тоҷикистон мардум ба он майл хоҳанд кард.

Бонки Рушди Тоҷикистон соли 2006 чун як бонки мустақил таъсис ёфтааст ва соли 2011 аз сӯи “Тоҷиксодиротбонк харида шуд. Сармояи оинномавии ин бонк беш аз 64 миллион миллион сомонӣ муайян шудааст.

Видеоҳои охирин

Як автобуси ҳомили муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон дармонд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG