Пулиси Эрон 230 писар ва духтарро дар ду шабнишинии ҷудогона дар Теҳрон боздошт кард.
Оҷонсиҳои хабарии наздик ба ҳукумат рӯзи 21 декабр гузориш доданд, ки 140 нафар дар боғи канораҳои пойтахт ва 90 нафар дар яке аз минтақаҳои сарватманди шимоли пойтахт ҳангоми рақсу ва шаробнӯшӣ боздошт кард.
Шаробнӯшӣ ва шабнишиниҳои якҷояи занону мардон бар пояи қонунҳои мазҳабии Эрон мамнӯъ аст.
Раиси пулиси ахлоқи Эрон Зулфиқор Барфар гуфт, ки аз иштирокчиёни шабнишинӣ дорӯҳои психотропӣ ва алкоҳол мусодира шуд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки "якчанд овозхон" дар ин шабнишиниҳо ҳузур доштанд ва навору аксҳои шабнишинӣ ба шакли мустақим дар Инстаграм пахш шуд.
Биноба гузоришҳо баъзе иштирокдорон дигаронро ҳам барои ҳамоиш дар Инстаграм даъват карданд ва пулис оноҳро боздошт кард.