Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин стратегияи амниятии Трампро "хушунатомез" номид


Владимир Путин дар академия Вазорати дифои Русия. 22 декабри соли 2017
Владимир Путин дар академия Вазорати дифои Русия. 22 декабри соли 2017

Президенти Русия Владимир Путин стратегияи амнияти миллии Ийолоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки президент Трамп муаррифӣ кард "хушунатомез" номид ва гуфт, ки Маскав онро дар амалкардҳояш ба назар мегирад.

Путин рӯзи 22 декабр ҳангоми сӯҳбат дар Вазорати дифои Русия иддао кард, ки ИМА ва НАТО дар тақвияти нерӯҳои низомӣ дар Аврпуо иширок мекунанд, ки ба гуфтаи раҳбари Русия хусусияти "таҳоҷумӣ ва хушунатомез" дорад.

Путин ҳамчунин Ийолоти Муттаҳидаро ба тавтеаи берун шудан аз созишномаи силоҳҳои ҳастаии миёнбурд, ки истифодаи мушакҳои ҳастаӣ ва маъмулии миёна ва дурпарвозро манъ мекунанд, муттаҳам кард.

Русия ва ИМА якдигарро дар нақзи қарордоди назорати силоҳ, ки ба Ҷанги Сард хотима гузошт, айбдор мекунанд.

Путин гуфт, ки силоҳҳои ҳастаии Русия кишварро аз зуҳури ҳамагуна таҳдид эмин нигаҳ меоранд.

Трамп ҳангоми муаррифии стратегия амнияти миллӣ ҳушдор дод, ки Русия ва Чин мехоҳанд ҷаҳонеро шакл диҳанд, ки хилофи манофеъ ва арзишҳои ИМА аст.

XS
SM
MD
LG