Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонсон: Бритониё амалкарди Русияро таҳаммул нахоҳад кард


Вазири хориҷаи Бритониё гуфт, ки Лондон дахолати Русия ба интихоботҳои саросари ҷаҳон, амалиёт дар Украина ваё таъқиби аққалиятҳои ҷинсӣ дар Чеченистонро таҳаммул нахоҳад кард. Борис Ҷонсон ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарие, ки рӯзи 22 декабр дар Маскав дар паи музокироташ бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дошт, изҳор кард.

Лавров гуфт, ки бо Ҷонсон як сӯҳбати самимӣ анҷом додааст, ки умедвор аст барои оддӣ шудани робитаҳои ду кишвар мусоидат мекунад. Ин сафари нахустини вазири хориҷаи Бритониё ба Русия дар панҷ соли кораш аст, чун равобити ду кишвар дар ин муддат ба сардӣ гароид. Ихтилофи назар дар масоили Украина ва Сурия, инчунин дахолати Русия ба интихоботҳои дохилии кишварҳои Аврупо ва ИМА сабаби аслии чунин вазъ мебошад. Русия ҳамеша ин иттиҳомотро рад кардааст. Соли 2006 бар асари заҳролудшавӣ даргузаштани собиқ афсари ФСБ Александр Литвиненко дар Лондон ҳамоно дар равобити ду кишвар соя афкандааст.

Рӯзи 22 декабр Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷараёни мулоқот бо Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Британия гуфт:

“Аз касе пӯшида нест, ки равобити мо дар сатҳи бисёр поён қарор дорад, албатта на бо ибтикори мо. Мо мебинем, ки шумо ва ҳамтоҳои дигари ғарбии мо дар бораи сабабҳои вазъи мавҷуда назари худро доред ва тарҷеҳ медиҳед, ки он сабабҳоро дар мазҳари ом шарҳ диҳед. Мо бошем мехостем, ки нигарониҳои мутақобилро на ба воситаи микрофон, балки мустақиман чашм ба чашм баррасӣ кунем”.

Ҷонсон дар мулоқот бо Лавров ба афзоиши тиҷорати байни ду кишвар ишора кард ва шӯхӣ ҳам кард, ки соли гузашта 300 мошини гаронқадри “Bentley” дар Русия ба фурӯш рафт ва гуфт, бовар дорад, харидори он кормандони вазорати хориҷа набуданд.

Дар оғози музокирот Ҷонсон гуфт, ки бо вуҷуди мушкилот дар равобити ду кишвар, Русияву Бритониё бояд ба хотири сулҳу амният ҳамкорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG