Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ню Йорк $22,6 миллиард дороии Қазоқистонро ҳабс кард


Тангаи қазоқӣ

Бонки Ню-Йорк -- BNY Mellon дар пайи як баҳси ҳуқуқии Остона бо сармоягузори Молдова Анатол Статӣ дороиҳои Бунёди миллии Қазоқистонро дар ҳаҷми 22,6 миллиард доллар ҳабс кард.

Сармоягузор Анатол Статӣ ва ширкатҳояш пештар дар баҳси додгоҳӣ бар ҳукумати Қазоқистон пирӯз шуда, даъвои онҳоро барои пардохти ҷуброни зарар қонеъ ва дар натиҷа ҳудуди 40%-и даромади нафтии Қазоқистон ба ҳабс гирифта шуд.

Ин дороиҳо баъди он ҳабс шуданд, ки президент Нурсултон Назарбоев аз ширкатҳои қазоқӣ хост, пулҳои худро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Ба ҳисоби ӯ, ҳоло "18 ширкати қазоқӣ дар хориҷ 12,5 миллиард доллари худро нигаҳ медоранд". "Ин маблағҳо метавонистанд ба иқтисоди мо кумак кунанд, дар Қазоқистон ба гардиш дароянд", - гуфт Назарбоев 6 декабр дар як ҳамоиши бахшида ба Рӯзи саноат дар Остона.

Президент дақиқ нагуфт, ки гап дар бораи кадом пулҳо меравад, вале ишора кард, ки: "Бас аст айш кардан, аз худ рафтед. Бас аст, киштӣ харидед, дар кишварҳои дигар қасру хона доред. Мо ҳанӯз касеро тафтиш накардем, хостем фурсат диҳем, ки сарватманд шавед. Вале фаромӯш накунед, ки ҳамаи инро ба шумо ватан дод. Агар сарвазир даст ба кор нашавад, ман шахсан ин масъаларо ҳал мекунам", - гуфт президенти Қазоқистон.

Видеоҳои охирин

"Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" омода шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG