Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Узбакистон 550 млн кВт/соат нирӯи барқ медиҳад


Нерӯгоҳи Токтогул дар Қирғизистон
Нерӯгоҳи Токтогул дар Қирғизистон

Қирғизистон мехоҳад, ба Узбакистон 550 миллион кВт/соат нирӯи барқ содир кунад. Муҳлати қарордоде, ки 5 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд имзо шуд, моҳи марти соли 2018 ба поён мерасад.

Содироти нирӯи барқи Қирғизистон ба Узбакистон аз 15 декабр оғоз шудааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, то имрӯз Қирғизистон ба Узбакистон 3,7 миллион кВт/соат нирӯи барқ додааст.

"Нирӯи барқ ба воситаи Шабакаи миллии барқии Қирғизистон содир мешавад. Ин раванд ҳамоҳангии низоми барқу обро дар Осиёи Марказӣ таъмин хоҳад кард", - гуфт сардори идораи рушди стратегии ширкати "Ӯзбекэнерго" Э. Саъдуллоев.

Ширкати "Ӯзбекэнерго" мегӯяд, тасмим дорад, дар оянда ҳамкориро бо низоми барқии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил тақвият бахшида, маркази барқу гармидиҳии Сирдарёро замонавӣ кунад.

XS
SM
MD
LG