Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷосуси Русия"-ро дар ҳукумати Украина боздошт карданд


Сарбози нерӯҳои амниятии Украина дар маросими таҷлили 25-солагии ин ниҳод. 24 майи соли 2017

Хадамоти амнияти Украина (ХАУ) мегӯяд, як масъули котиботи ҳукумати ин кишварро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи хадамоти махсуси Русия боздошт кардааст. Дар ин бора матбуоти Украина рӯзи 20 декабр хабар дод.

Гумонбар Станислав Ежов, ёвари нахуствазири Украина муаррифӣ шуд. Ба гуфтаи ХАУ, Ежов дар ҷараёни яке аз сафарҳои тӯлонии хидматияш ба ҷосусӣ ҷалб шуда, дар бораи фаъолияти ниҳодҳои давлатии Украина ба нафъи Русия иттилоъ ҷамъ мекард.

"Боздоштшуда хеле бо масъулияту диққат ва эҷодкорона барои хадамоти махсуси Русия кор мекард", - афзуд сардори Департаменти иктишофии ХАУ Алексей Петров.

Матбуоти Укриана аз қавли мақомот навиштаанд, ки гумонбар мансабдори баландпоя набуд, аммо аз рӯи вазифае, ки дошт, метавонист маълумоти муҳимро ҷамъоварӣ кунад.

Хадамоти амнияти Украина гумонбарро дар ҷойи кораш боздошт кард.

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG