Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як шаҳрванди Норвегияро бо гумони ҷосусӣ боздошт кард


Додгоҳи Лефортово

Додгоҳи Лефортовои Маскав ҳукми боздошти шаҳрванди Норвегия Фрод Бергро содир кард, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шудааст. Қарори боздошти Берг 5 декабр қабул шуд.

Берг дар ҳоле боздошт шуд, ки мақомот аз як марди боздоштшудаи рус дар бораи ӯ маълумоти маҳрамона дарёфт карданд. Дар ин бора сухангӯи додгоҳи Лефортово Екатерина Краснова ба хабаргузории "Интрефакс" маълумот дод.

Матбуоти Русия бо такя ба манобеи пӯшида мегӯяд, ки Фрод Берг дҳангоми дарёфти маводҳои маҳрамона дар бораи нерӯҳои дарёгарди Русия ва барномаи интиқоли ин маълумот ба хадамоти истихбороти Норвегия ва ИМА боздошт шуд.

Ба гуфтаи "Интерфакс", Берг маводи сирриро аз Алексей Житнюк - як марди рус дастрас кард, ки моҳи нобяр бо иттиҳоми хиёнат ба ватан боздошт шуд.

Матбуоти Норвегия навиштааст, ки Берги 62-сола, нозири пешини марзбонӣ буд ва Вазорати умури хориҷии Норвегия барои кӯмак ба ӯ талош кардааст.

Баъзе гузоришҳо мегӯянд, ки боздошти Берг эҳтимол ба мухолифати ӯ ба бунёди девор дар як қисмати марзи Новегия бо Русия рабт дорад.

Норвегия ба хотири ҷилавгирӣ аз убури паноҳандагони асосан суриягӣ аз Русия, дар қисмати наздик ба гузаргоҳи марзӣ девори 200-метрӣ бунёд кард.

Видеоҳои охирин

Ҳаёҳуи мухлисони дастаи Эрон дар Қазон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG